Хадамоти гумрук: Аз Чин маҳсулоти ширӣ ворид нагаштааст

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз сӯи мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ягон далели ворид шудани шири хушк ва маҳсулоти ширдошта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки мамлакат – Абдурасул Шарифов хабар дод. Ба қавли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз сӯи мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ягон далели ворид шудани шири хушк ва маҳсулоти ширдошта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки мамлакат – Абдурасул Шарифов хабар дод.




Ба қавли ӯ, ҳамаи маҳсулоти хӯрокворие, ки ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд, танҳо баъди гузаштан аз санҷиши мутобиқат дар мақомоти гумрук ва стандартизатсия ва гирифтани шаҳодатномаи сифат ба фурӯш бароварда мешаванд. «Баъди ирсоли номаи расмии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба унвони хадамоти гумрук дар моҳи октябри соли ҷорӣ, ҷиҳати манъ кардани воридоти шири хушк ва маҳсулоти ширдошта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, кормандони хадамот назорат аз болои воридоти чунин маҳсулотро пурзӯр кардаанд», – гуфт манбаъ.




 

Ёдовар мешавем, дар асоси хулосаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки моҳи октябри соли равон мунташир гардид, маълум шуд, ки ҳангоми баровардани чунин маҳсулот, бархе аз истеҳсолкунандагони чиноӣ аз маводи ба саломатии инсон зараровари «меланин» истифода мекардаанд. Дар натиҷаи истеъмоли чунин маҳсулот дар сартосари ҷаҳон даҳҳо ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба маълумоти Созмон, меламин ҳамчунин дар таркиби шоколадҳои, аз ҷумла Нестле, Кит-кет, Марс, Сникерси истеҳсоли Чин кашф шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.