Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ вохӯрии гурӯҳи кории Тоҷикистону Эрон оид ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии хати баландшиддати барқи Тоҷикистону Эрон тавассути қаламрави Афғонистон баррасӣ шуд.
Тавре роҳбари хадамоти мтбуоти вазорат Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мулоқот дар чаҳорчӯбаи Ёддошти тафоҳуми сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон оид ба сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи 500 киловаттаи Сангтӯда-Роғун-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад сурат гирифта, дар он масоили ҷамъоварии маълумот ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодӣ ва корҳои омодагӣ ба сохтмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои манбаъ, корҳои таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмонро ширкати эронии «Тавонир» ба ӯҳда гирифта, он бояд то моҳи марти соли 2009 ба анҷом расад ва сипас арзиши умумии лоиҳаи сохтмон ва манбаъҳои сармоягузории он муайян карда хоҳанд шуд.


