Дар Ҳиндустон кори мизи мудаввари «Ҳиндустон-ИДМ: ҳамкорӣ дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия» оғоз ёфт

Date:



           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ кори мизи мудаввари дурӯзаи «Ҳиндустон-ИДМ: ҳамкорӣ дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия» оғоз ёфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҳиндустон муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев кишвари моро дар он намояндагӣ мекунад.




           

Ба иттилои манбаъ, мизи мудаввар бо ташаббуси Вазорати нафт ва гази табиии Ҳиндустон созмон дода шуда, дар он ҷонибҳо масоили густаришу тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия, аз ҷумла бастани қарордод дар ин соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои имконпазир дар соҳаи таъмин бо таҷҳизоти насби лӯлаҳои газиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия 15 фоизи содироти ҷаҳонии нафт ва 27 фоизи содироти гази табиӣ рост меоянд. Минтақа (бо назардошти Русия) аз 9 фоизи захираҳои тасдиқшудаи нафт ва 30 фоизи захираҳои тасдиқшудаи газ бархӯрдор аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...