Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 28-уми ноябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи навбатии маҳфили Иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори он олимони бахши иқтисоди кишварҳо ширкат хоҳанд варзид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа мудири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ профессор Нуриддин Қаюмов намояндагӣ мекунад.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессор изҳор дошт, ки дар ҷаласа баррасии масоили сабаб, хавфҳои глобал
ӣ
ва оқибатҳои б
ӯ
ҳрони моливии
ҷ
аҳон дар назар аст. «Бӯҳрони молиявӣ аллакай ба иқтисоди аксари кишварҳо асар гузошт ва ҷиҳати таҳлил барои олимон маълумоти зиёде мавҷуд аст», – гуфт ӯ.
Дар мавриди шарҳи таъсири бӯҳрон Н.Қаюмов чунин изҳори назар кард, ки айни замон чанде аз таълимоти назариявии улуми иқтисод бо назардошти бӯҳрони молиявӣ бознигарӣ мешаванд. «Бо назардошти шароите, ки иттилоот дар муддати сония ба саросари ҷаҳон мерасаду имкон медиҳад, базудӣ аз тағйироти иқтисодӣ огоҳ гардӣ, як қатор назарияҳои рушди хоҷагидории ҷаҳон ислоҳу бознигарӣ тақозо мекунанд», – афзуд олим.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои қаблии хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар
ҷ
аласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.


