Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт

Date:


Душанбе. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз нақшаи маъракаи

 

даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра ба итмом расид.




Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват аз вилояти Хатлон хабар додаанд. «Сипас шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд низ аз иҷрои нақша мужда доданд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 16-уми сентябр оғоз гардида, бояд то 30-уми ноябр давом мекард. Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли лоиқ ба даъват ба хизмати ҳарбӣ сабт шудаанд. «Аз ин миқдор тақрибан 150 ҳазор нафар ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ё озодӣ аз хизмат доранд ва ҳудуди 100 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд», – афзуд манбаъ.

  



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...