ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон аз амалиёти террористӣ дар Мумбай зарар надидаанд

Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистон аз амалиёти террористии дирӯза дар Мумбай зарар надидаанд. Дар ин бора раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод.             Ба иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ бо ҳукуматдорони Ҳиндустон ҳамеша дар робита қарор дорад. «Тибқи маълумоти расида, миёни ҷабрдидагон аз амалиёти террористӣ шаҳрвандони […]

root


Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистон аз амалиёти террористии дирӯза дар Мумбай зарар надидаанд. Дар ин бора раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод.





           

Ба иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ бо ҳукуматдорони Ҳиндустон ҳамеша дар робита қарор дорад. «Тибқи маълумоти расида, миёни ҷабрдидагон аз амалиёти террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд», – гуфт Д.Назриев.




           

Ёдрас мекунем, ки дирӯз бар асари амалиёти террористии густарда дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1000 нафар захмӣ шуданд ва террористон айни замон даҳҳо кормандони меҳмонхона ва муштариёни онро ба гарав гирифтаанд. Террористон тақозо доранд, ки ҳамаи муҷоҳидон аз маҳбас озод карда шаванд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.