«TalCo» даъвояшро аз ширкати «Ансол» бозпас гирифт

            Душанбе. 28-уми ноябр – Дирӯз дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюмниуми Тоҷикистон « TalCo » даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Шоми чоршанбе иттилоъ нашр шуд, ки дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюмнийи Тоҷикистон « Талко » мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. […]

root



           



Душанбе. 28-уми ноябр – Дирӯз дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюмниуми Тоҷикистон «


TalCo


» даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Шоми чоршанбе иттилоъ нашр шуд, ки дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюмнийи Тоҷикистон

«

Талко

»

мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. Ҳамин гуна “Ансол

»

ҳам аз даъвояш гузаштааст.




Ҷонибҳо аз додани тафсилот ба матбуот худдорӣ мекунанд. Моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Салтанатии Британия даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфта буд. Коршиносон аз хароҷоти ҳуқуқии бузурги ин муҳокима, ки

 

ба


90 000 000 фунт

стерлинги Бритониё баробар будааст, ба ҳайрат омада буданд.

   




“Талко” – ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон даъво дошт, ки собиқ коршарикаш ширкати “Ансол” дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон бар ин назар буд, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров

 

бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов-раиси пештараи “Талко” (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: ТадАЗ) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.

   




Нашрияи британиявии “Times” аз нақли тарафи даъвогар навишта буд, ки бар ивази хидматҳояш “Ансол” ба Эрматов ба маблағи

300 000 фунт

стерлинг хона тӯҳфа кардааст, ки дар он фарзанди Эрматов иқомат дорад.



Вале дар навбати худ Аваз Назаров даъво дошт, ки ширкати “Талко” ба “Ансол” 130 миллион доллар қарздор аст.

 

Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров бо кӯмаки “Ансол” корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров изҳор намуда буд, ки “Ансол” миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо масраф намудааст.



Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллоҳзода шомил буданд.



Ба қавли коршиносон сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надошт.



Талко ягона корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 000 тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, додугирифти “Талко” ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.

Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.