ЮНЕСКО ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонанд

             Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бунёди мазкур – Александр Калугин хабар дод, зери ин […]

Баҳром Маннонов



            

Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бунёди мазкур – Александр Калугин хабар дод, зери ин санад сарвари кулли ЮНЕСКО – Коитиро Масуура ва раиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон – Жансеит Туймебоев имзо хоҳанд гузошт. «То охири соли ҷорӣ бо дастгирии Бунёд, дар маҷмӯъ 70 лоиҳа бояд татбиқ шавад», – мегӯяд Калугин.



Татбиқи қариб 60 лоиҳа аллакай ба анҷом расидааст. Анҷумани 3-юми эҷодкорону олимон дар Душанбе, сафари ҳунарии аввалин оркестри ҷавонони ИДМ, давраҳои омӯзишии олимони ҷавон, бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои узви Иттиҳод дар Кишинёв, озмуни сарояндагони ҷавони «Панҷ ситора. Интервидиние» аз ҷумлаи онҳоянд. Тасвиби ёддошти тафоҳум барои рушди ҳамкориҳо миёни ЮНИСЕФ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ имкониятҳои бештар медиҳанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.