Ӯзбекистон боз марзҳояшро баст

Date:


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуданд. Дар ин бора имрӯз аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.




Ба иттилои манбаъ, ҳамаи гузаргоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя убури шаҳрвандонро ба ҳарду тараф қатъ сохтанд. «Чунин қарор аз ҷониби Ӯзбекистон бидуни огоҳии мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт», – изҳор дошт сарчашма.



Дар ҳамин ҳол, раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки феълан масъалаи мазкур миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.



Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар фурсати наздиктарин масъала ҳал хоҳад шуд, вале аз шарҳи сабабҳои ин амал худдорӣ карданд. «Айни замон мо ба таври маъмулӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, раводид медиҳем», – гуфтанд дар сафорат.



Коршиносон бар ин назаранд, ки масъалаи баста шудани марзҳои кишвари ҳамсоя ба таҷлили ҷашни давлатии Ӯзбекистон – Рӯзи қабули Конститутсия (8-уми декабр) марбут аст. Қаблан низ Ӯзбекистон пеш аз маъракаи интихоботи президент ва таҷлили ҷашни Истиқлолдият марзҳоро мебаст.



Тибқи иттилои намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, феълан марзбонони ӯзбек танҳо ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони тоҷике, ки ба ватан бармегарданд, иҷозати убури сарҳадро медиҳанд.



Ёдрас мекунем, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон тартиби убури марз тавассути раводид аз соли 2001 амал мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...