Ӯзбекистон боз марзҳояшро баст

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуданд. Дар ин бора имрӯз аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳамаи гузаргоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя убури шаҳрвандонро ба ҳарду тараф қатъ сохтанд. «Чунин қарор аз ҷониби Ӯзбекистон […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуданд. Дар ин бора имрӯз аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.




Ба иттилои манбаъ, ҳамаи гузаргоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя убури шаҳрвандонро ба ҳарду тараф қатъ сохтанд. «Чунин қарор аз ҷониби Ӯзбекистон бидуни огоҳии мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт», – изҳор дошт сарчашма.



Дар ҳамин ҳол, раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки феълан масъалаи мазкур миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.



Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар фурсати наздиктарин масъала ҳал хоҳад шуд, вале аз шарҳи сабабҳои ин амал худдорӣ карданд. «Айни замон мо ба таври маъмулӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, раводид медиҳем», – гуфтанд дар сафорат.



Коршиносон бар ин назаранд, ки масъалаи баста шудани марзҳои кишвари ҳамсоя ба таҷлили ҷашни давлатии Ӯзбекистон – Рӯзи қабули Конститутсия (8-уми декабр) марбут аст. Қаблан низ Ӯзбекистон пеш аз маъракаи интихоботи президент ва таҷлили ҷашни Истиқлолдият марзҳоро мебаст.



Тибқи иттилои намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, феълан марзбонони ӯзбек танҳо ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони тоҷике, ки ба ватан бармегарданд, иҷозати убури сарҳадро медиҳанд.



Ёдрас мекунем, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон тартиби убури марз тавассути раводид аз соли 2001 амал мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.