Имсол дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт чорабиниҳои анъанавии солинавӣ гузаронида намешаванд

Date:


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт чорабиниҳои солинавӣ гузаронида намешаванд. Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе – Маҳмадсаид Убайдуллоев, соли ҷорӣ гузаронидани шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт дар асоси муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манъ карда шудааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр – Шавкат Саидов хабар дод, аз ин ба баъд дар майдони марказии шаҳр танҳо чорабиниҳои давлатӣ гузаронида мешаванд. «Дар майдони «Дӯстӣ» танҳо гузаштҳои низомӣ ва намоишҳои идона бахшида ба идҳои давлатӣ, инчунин чорабиниҳо ба ифтихори ташрифи ҳайатҳои баландмақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон баргузор мешаванд», – гуфт Саидов.

     



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...