Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода дар ҷаласаи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили Иди Қурбон аз имом-хатибони масоҷиди кишвар даъват ба амал овард, ки алайҳи баланд рафтани нарху наво дар бозорҳои ҷумҳурӣ пеш аз ид чораҷӯӣ намоянд.
Тавре аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,
А.Неъматзода аз анъанаи мавҷудаи баланд шудани нарху наво дар арафаи идҳо изҳори таасуф намуда, аз имом-хатибон дархост кард, ки дар намози ҷумъа ва дигар намозҳои пеш аз ид тоҷирону савдогаронро ба инсофу адолат даъват кунанд.
Соли равон Иди Қурбон дар таърихи 8-уми декабр таҷлил мегардад. «Дар ҷаласа муайян карда шуд, ки дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид соати 9-и субҳ оғоз мегардад», – афзуд манбаъ.


