Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сангтӯда-1» марраи истеҳсоли нахустин млрд. кВт/соат нерӯи барқро фатҳ кард.
Тавре директори генералии ҶСК Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз – 30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд.
Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январ, дуввум 1-уми июл ва саввум 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор даромаданд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум моҳи феврали соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи директори генералӣ, феълан дар нерӯгоҳ ҳамарӯза беш аз 4 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1»
бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


