«Сангтӯда-1» марраи истеҳсоли нахустин млрд. кВт/соат нерӯи барқро фатҳ кард

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сангтӯда-1» марраи истеҳсоли нахустин млрд. кВт/соат нерӯи барқро фатҳ кард. Тавре директори генералии ҶСК Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз – 30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд. Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январ, дуввум 1-уми июл ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сангтӯда-1» марраи истеҳсоли нахустин млрд. кВт/соат нерӯи барқро фатҳ кард.




Тавре директори генералии ҶСК Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз – 30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд.



Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январ, дуввум 1-уми июл ва саввум 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор даромаданд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум моҳи феврали соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи директори генералӣ, феълан дар нерӯгоҳ ҳамарӯза беш аз 4 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.





Маълумотнома:









Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1»





бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.