Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза» мақоми дуюмро касб кард

Date:


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза», ки рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар гурӯҳи овозхонони аз 8 то 12-сола мақоми дуюмро касб кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд, тӯли 1 сол барои ширкат дар озмуни кӯдаконаи «Мавҷи тоза» аз кишварҳои мухталиф дархостномаҳо ирсол шуданд, ки иштирок дар қисмати ниҳоии он ба 18 нафар аз 11 давлат муяссар гардид. Озмун дар ду гурӯҳ аз 8 то 12-сола ва аз 13 то 15-сола ҷараён гирифт.



Ба гуфтаи манбаъ, дар гурӯҳи хурдсолон ҷоизаи аввал ба Кристина Светличной аз Белорус супорида шуд. Мавқеъи дуюмро ҳамватани мо Дали ва ҷойи сеюмро Диана Мария аз Олмон ишғол карданд. «Ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои қимматбаҳо аз ҷумла синтезатор, студияи хурди сабти овоз ва роҳхат ба Диснейленди Фаронса супорида шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки ба ҳамаи иштирокдорони озмун микрофонҳои касбӣ ва гувоҳинома тақдим гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related