Дар Шӯрои адлияи кишварҳои узви ЕврАзЭС масъалаи ҳамоҳангсозии қонунҳо баррасӣ мешавад

Date:



           

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлия дар назди Кумитаи ҳамгиройии кишварҳои узви Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) иштирок мекунад.





           

Тавре аз шӯъбаи таблиғоти ҳуқуқи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили ҳамгиройии муштарак дар бахши ҳуқуқ, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои давлатҳо, ташаккул ва татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ ва ташкили заминаи воҳиди иттилоотиву ҳуқуқии кишварҳои иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа доир ба таҳияи тарзи ягонаи корбурд, такмили табодули таҷриба дар бахши мавриди амал қарор додани қарорҳои додгоҳӣ, фаъолияти адвокатӣ ва низоми адои ҷазои ҷиноятӣ, коҳиши хавфи коррупсионӣ дар қонунгузорӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ ҳуқуқӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...