М.Кабирӣ: ҲНИТ дар чаҳорчӯбаи татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон саҳми арзанда гирифтанист

Date:


Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони Комиссияи Аврупо (КА) доир гашт.




Тавре сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ҳайати Комисияи Аврупо, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, намояндагони дафтари марказии Комиссияи Аврупо шомил буданд. Ҳайатро Ваколатдори муваққатии корҳои намояндагии КА дар ҷумҳурӣ Шарлота Адриан роҳбарӣ мекард.



Манбаъ афзуд, ки намояндагони Комиссияи Аврупо ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро барои Иттиҳоди Аврупо стратегиву муҳим арзёбӣ намудаанд. Дар навбати худ М.Кабирӣ дар робита ба оғози татбиқи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ кардааст. «Мо дар чаҳорчӯбаи татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон саҳми арзанда гирифтанием», – гуфтааст ӯ ва афзудааст, ки амалисозии он ба таҳкиму густариши таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳад кард.



Ҳ.Сайфуллозода зикр кард, ки бо назардошти воқеияти ҳаёти имрӯза М.Кабирӣ ба вазъи кунунии ҲНИТ дахл карда, онро мушкил арзёбӣ намудааст. «Ба гуфтаи ӯ, ҳизб чун нерӯи мухолиф ҷиҳати ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷониби ҳукумат бояд истодагарӣ кунад ё баҳри ҳамдигарфаҳмӣ хомӯш бошад», – изҳор дошт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба қавли манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти зиёд бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо М.Кабирӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки кишварҳои ғарбӣ масъалаи ҳуқуқи инсон ва демократия дар Осиёро нодида мегиранд. «Ба онҳо «субот» ва ҳамчунин таъминоти бозори ғарб бо газу нафт ва ашёи хоми минтақа муҳим аст», – қайд кардааст ӯ ва афзудааст, ки афзалиятҳои худро «албатта, худи аврупоиҳо муайян месозанд».



«Акнун мисли пешин мо дигар романтик нахоҳем шуд ва умедвор намешавем, ки кишварҳои ғарб барои мо демократия бунёд мекунанд, ҳарчанд мо муқобили дастгирии қонунии ҷонибҳои дигар нестам, вале бунёди демократия ба ҳар ҳол, вазифаи мардуми минтақа аст», – изҳор доштааст М.Кабирӣ.



Дар фарҷоми мулоқот масъалаи сафари расмии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ ба Дафтари марказии Иттиҳоди Аврупо – шаҳри Брюссел дар охири моҳи феврали соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...