Дар Тоҷикистон қабули қонун дар бораи телевизиони ҷамъиятӣ зарур аст, – назари коршинос

Date:



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имконоти таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт.





           

Доктори уулуми филологӣ, омӯзгори бахши журналистикаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шабакаҳои давлатии телевизион дар хизмати мансабдорон буда, фъолияти журналистони касбӣ камтар мушоҳида мешавад ва аз ин рӯ, бинандагон аз тамошои барномаҳои холисона ва пурмӯҳтаво бебаҳра мемонанд. «Аксаран доир ба ин ё он мавзӯъ фикру ақидаи холисонаи аҳолии ҷумҳурӣ намоиш дода намешавад», – гуфт ӯ.




           

Ҷ.Муқим мегӯяд, ки дар шабакаҳои ғайридавлатӣ низ вазъ чунин аст, зеро феълан онҳо аз манфиатҳои гурӯҳи муайяне пуштибонӣ намуда, бо назардошти манфиатҳои тиҷоратии худ барнома таҳия месозанд ва ин манфиатҳо ҷавобгӯи манфиатҳои аҳолӣ нестанд. «Мутмаинам, ки таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ яке аз масъалаҳои умдаи рӯз дар Тоҷикистон аст», – гуфт коршинос.




           

Қобили зикр аст, ки нахустин телевизиони ҷамъиятӣ нимаи солҳои 20-уми асри гузашта дар Британияи Кабир ба вуҷуд омада, феълан 40 тарзи фаъолияти он роҳандозӣ шудааст.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...