Дар Тоҷикистон қабули қонун дар бораи телевизиони ҷамъиятӣ зарур аст, – назари коршинос

            Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имконоти таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт.             Доктори уулуми филологӣ, омӯзгори бахши журналистикаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шабакаҳои давлатии телевизион дар хизмати мансабдорон […]



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имконоти таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт.





           

Доктори уулуми филологӣ, омӯзгори бахши журналистикаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шабакаҳои давлатии телевизион дар хизмати мансабдорон буда, фъолияти журналистони касбӣ камтар мушоҳида мешавад ва аз ин рӯ, бинандагон аз тамошои барномаҳои холисона ва пурмӯҳтаво бебаҳра мемонанд. «Аксаран доир ба ин ё он мавзӯъ фикру ақидаи холисонаи аҳолии ҷумҳурӣ намоиш дода намешавад», – гуфт ӯ.




           

Ҷ.Муқим мегӯяд, ки дар шабакаҳои ғайридавлатӣ низ вазъ чунин аст, зеро феълан онҳо аз манфиатҳои гурӯҳи муайяне пуштибонӣ намуда, бо назардошти манфиатҳои тиҷоратии худ барнома таҳия месозанд ва ин манфиатҳо ҷавобгӯи манфиатҳои аҳолӣ нестанд. «Мутмаинам, ки таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ яке аз масъалаҳои умдаи рӯз дар Тоҷикистон аст», – гуфт коршинос.




           

Қобили зикр аст, ки нахустин телевизиони ҷамъиятӣ нимаи солҳои 20-уми асри гузашта дар Британияи Кабир ба вуҷуд омада, феълан 40 тарзи фаъолияти он роҳандозӣ шудааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.