Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки намояндагони хадамот ва Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Екатеринбург мудом бо муҳоҷирини тоҷик, ки даст ба корпартоӣ задаанд, дар ҳоли робита қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, додситонии шаҳри Екатеринбург аз рӯи ин далел тафтишотро оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик барои напардохтани музди меҳнати семоҳа аз ҷониби ширкати сохтмонӣ даст ба корпартоӣ задаанд. «Онҳо тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, дар қаламрави иншооти сохтмонӣ қарор доранд ва муваққатан корро бас кардаанд», – гуфт Р.Ҳасанов.
Номбурда зикр кард, ки муҳоҷирон бо хӯроки гарм таъмин буда, вазъи саломатиашон хуб аст. «Хадамоти ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Русия бо мактуби расмӣ муроҷиат карда, дархост намуд, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала мусоидат кунад», – гуфт намояндаи хадамот.
Таъкид гардид, ки корпартофтагон асноди зарурии иҷозати кор дар Русияро доро мебошанд ва ҳеҷ қонуншикание накардаанд.


