«Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» пардохти $6 млн. маблағи қарзро дархост кард

Date:


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кардааст, ки маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро пардохт намояд.




Тавре директори генералии нерӯгоҳ Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳ 21,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (беш аз $6 млн).



Номбурда қайд кард, ки то 31-уми декабри соли ҷорӣ арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба 1,15 сент баробар аст. «Аз 1-уми январи соли оянда арзиши он то 3,1 сент боло меравад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, муяссар нашуд, ки аз ширкати «Барқи тоҷик» оид ба шарҳи ин масъала маълумоте дастрас гардад.




Маълумотнома:



Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1»


бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Дар таърихи


30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...