«Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» пардохти $6 млн. маблағи қарзро дархост кард

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кардааст, ки маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро пардохт намояд. Тавре директори генералии нерӯгоҳ Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳ 21,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (беш аз $6 млн). Номбурда […]


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кардааст, ки маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро пардохт намояд.




Тавре директори генералии нерӯгоҳ Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳ 21,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (беш аз $6 млн).



Номбурда қайд кард, ки то 31-уми декабри соли ҷорӣ арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба 1,15 сент баробар аст. «Аз 1-уми январи соли оянда арзиши он то 3,1 сент боло меравад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, муяссар нашуд, ки аз ширкати «Барқи тоҷик» оид ба шарҳи ин масъала маълумоте дастрас гардад.




Маълумотнома:



Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1»


бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Дар таърихи


30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.