Дар Суғд нашъаҷаллоби ду сол мавриди ҷустуҷӯ қарордошта дастгир шуд

Date:



           

Хуҷанд. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҷинояткори ду сол мавриди ҷустуҷӯ қарордошта, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, дастгир карда шуд.





           

Тавре аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳангоми баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Рӯзибой Муллоҷонов боздошт шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, 5-уми феврали соли гузашта кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини шаҳри Чкаловск Бахтия Қобиловаро бо беш аз 15 кило маводи нашъадори афюн боздошт намуданд. «Р.Муллоҷонов низ ҳамроҳи ӯ буд, вале ба вай муяссар шуд, ки бигрезад», – гуфт манбаъ. Акнун тафтиши парвандаи ҷиноии ӯ идома меёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...