Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни Комиссияи Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон созишномаи дуввуми молиявӣ ба маблағи 14 млн. евро ба тасвиб расид.
Ин созишномаи аввалиро, ки моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 9 млн. евро ба имзо расида буд, пурра мекунад. Барномаи дастгирии сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳия, идора ва беҳбуди сиёсати миллӣ ва идораи самараноки воситаҳои молиявии давлатӣ дар ин бахш кӯмак хоҳад кард.
Мувофиқи созишнома, дар зарфи ду сол ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷа 17,5 млн. евро ва кӯмаки техникӣ 5,5 млн. евро маблағ пешниҳод мегардад.
Барнома бо мақсади дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, коҳиши мизони камбизоатӣ, дастгирии лоиҳаҳои марбут ба тақсимоти кӯмакпулӣ, беҳбуди вазъи муассисаҳои сарпараст ва муҳоҷирон амалӣ карда мешавад.


