Имсол ҳам зоирини тоҷикро фиреб доданд – 90 нафар аз фурудгоҳи Ҷидда бозпас ба ватан фиристода шуданд

            Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Оҷонсии иттилоотии «IslamNews» хабар медиҳад, ки 90 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба нияти зиёрати Хонаи Худо ба Арабистонӣ Саъудӣ рафта буданд, аз фурудгоҳи шаҳри Ҷидда бозпас ба ватан фиристода шуданд.             Маълум шудааст, ки онҳо бо раводидҳои қалбакӣ ба сафари ҳаҷ баромадаанд. Тибқи гуфтаҳои худи зоирин, онҳо раводидҳоро […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Оҷонсии иттилоотии «IslamNews» хабар медиҳад, ки 90 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба нияти зиёрати Хонаи Худо ба Арабистонӣ Саъудӣ рафта буданд, аз фурудгоҳи шаҳри Ҷидда бозпас ба ватан фиристода шуданд.





           

Маълум шудааст, ки онҳо бо раводидҳои қалбакӣ ба сафари ҳаҷ баромадаанд. Тибқи гуфтаҳои худи зоирин, онҳо раводидҳоро аз як ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба таҳияи асноди ҳаҷравандагон машғул будааст, ба даст овардаанд.




           

Дар КВДҲ «Тоҷик Эйр» тасдиқ карданд, ки ҳақиқатан ҳам зоирини тоҷик ба ватан бозпас фиристода шудаанд.




           

Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ин қазияро чунин шарҳ доданд: «Шурӯъ аз соли 2005 дар Тоҷикистон ба таҳияи аснод, аз ҷумла додани раводид, корҳои тадорукоти маъракаи сафари ҳаҷ танҳо Сарраёсат оид ба корҳои дини вазорати фарҳанг машғул аст ва додани раводид барои сафари ҳаҷ аз ҷониби ширкатҳои дигар манъ карда шудааст. Ҳамаи зоирини тоҷик (5 ҳазору 120 нафар), ки ба таври расмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ҳаҷ сафарбар шуданд, бидуни мушкилот ба макони иҷрои маросими ҳаҷ фиристода шуда, феълан масоили будубоши онҳо пурра ҳал шудааст. Шояд ин зоирин дучори макру фиребӣ навбатӣ шуда бошанд».




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ширкати «Холид Музаффар» аз 700 нафар шаҳрванди Тоҷикистон 2500 доллари амрикоӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, аз ӯҳдаи иҷрои ташкили сафари ҳаҷ ба онҳо набаромад ва 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи 60 нафари онҳоро баргардонида натавонист. Моҳи сентябри соли ҷорӣ дастандаркорони ин аъмоли фиребу найранг ба муддати аз 12 то 13,5 сол ба зиндон маҳкум гардиданд.

 





 





 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.