Тоҷикистон ва «Турбоатом» корхонаи муштарак таъсис медиҳанд



           

Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харков оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳҳои хурду миёнаи Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.





           

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Украина, моҳҳои январ-феврали соли 2009 дар Душанбе ҷонибҳо масоили ҳуқуқиву ташкилии таъсиси корхонаи муштарак оид ба лоиҳакашӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбина барои нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ва номгӯи зарурии таҷҳизотро баррасӣ мекунанд.




           

Дар ҷараёни мулоқоти сарвари давлати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии вилояти Харков масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷдиди таҷҳизоти гидротурбинии нерӯгоҳи Норак яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ арзёбӣ шуд. Таҷдиди таҷҳизоти гидротурбинии нерӯгоҳи Норак имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии мавҷудаи он то 10 дарсад афзуда шавад. Ғайр аз ин, корхонаи «Турбоатом» ба аз нав барқарор кардани таъмини нерӯгоҳи Роғун бо гидротурбинаҳо омодагии худро изҳор намуд.




           

Ба гуфтаи директори генералии ҶСК «Турбоатом» Виктор Субботин, ояндаи наздик сохтмони агрегати саввум барои нерӯгоҳи Роғун ба нақша гирифта шудааст. «То имрӯз дар корхона то 30 дарсади таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун тайёр карда шудааст ва барои фаъолияти корхона қарордоди мазкур аз ҳама ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст», – гуфтааст ӯ.




           

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи «Турбоатом аз наздик ошно гардида, ҷузъиёти шартномаи таъмини неругоҳи Норак бо таҷҳизотро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиҳати сохтмони шаш агрегат ба маблағи $12 млн. барои нерӯгоҳи Норак бо корхона гуфтушунид шуда, то ахири сол имзои шартнома дар ин хусус пешбинӣ шудааст. Мӯҳлати иҷрои шартнома 3,5 солро ташкил дода, дар як сол корхона ба Тоҷикистон 2 гидротурбина хоҳад фиристод.



Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Харков дар Тоҷикистон филиали

 

Донишгоҳи миллии политехникии Харков кушода мешавад.


spot_imgspot_img

Популярное