Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии ИДМ дурнамои рушди иттиҳодро баррасӣ мекунанд

           Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 8-уми декабр дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили рушди Иттиҳод   баргузор мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуотии Кумитаи мазкур хабар доданд, машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазороти умури хориҷӣ яке аз шаклҳои воқеии ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил […]

Баҳром Маннонов


           Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 8-уми декабр дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили рушди Иттиҳод

 

баргузор мегарданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуотии Кумитаи мазкур хабар доданд, машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазороти умури хориҷӣ яке аз шаклҳои воқеии ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар майдони сиёсат ба ҳисоб меравад. Ин шакли ҳамкориҳо аз соли 1995 инҷониб мавриди амал қарор дошта, дар доираи машваратҳои ҳарсола масоили вобаста ба фаъолияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, рӯзномаҳои иҷлосияҳои Ассамблеяи генералии СММ, ҳамкориҳои мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.



Ба гуфтаи манбаъ, 8-уми декабр, дар рӯзи 17-умин солгарди ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони бахшҳои вазороти корҳои хориҷии кишварҳои аъзо таваҷҷӯҳи худро асосан ба натиҷаи корҳои то ин вақт анҷомшуда ва вазифаҳои ояндаву мушкилоти мавҷуда равона месозанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.