Дар Душанбе машварати кории «Муолиҷаи зиддиретровирусӣ, комёбиҳо, камбудиҳо ва нақшаҳо» баргузор мегардад

Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе машварати кории «Муолиҷаи зиддиретровирусӣ, комёбиҳо, камбудиҳо ва нақшахо» баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Институти Ҷомеаи Кушода «Бунёди Мадад» – Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии СПИД ва бо дастгирии Институти мазкур гузаронида мешавад.   Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни нишаст аз […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе машварати кории «Муолиҷаи зиддиретровирусӣ, комёбиҳо, камбудиҳо ва нақшахо» баргузор мегардад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Институти Ҷомеаи Кушода «Бунёди Мадад» – Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии СПИД ва бо дастгирии Институти мазкур гузаронида мешавад.




 

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни нишаст аз корҳои анҷомшуда дар ин самт натиҷагирӣ шуда, нақшаи фаъолияти минбаъда муайян карда мешавад. «Татбиқи барномаи муолиҷаи зиддиретровирусӣ яке аз самтҳои асосии стратегии барнома ба ҳисоб меравад», – гуфт сарчашма ва илова намуд, ки муолиҷаи зиддиретровирусии одамони ба ангезандаи ВИЧ сироятёфта дар ҷумҳурӣ, соли 2006 шурӯъ гардид. Дар кори машварат намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, адлия, шӯъбаҳои минтақавии маркази СПИД, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ширкат меварзанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.