Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сомонаи
www.1news.az
бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар медиҳад, ки 20-уми декабр хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Боку ифтитоҳ мегардад.
Сафири Тоҷикистон изҳор доштааст, ки айни замон миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти раҳбарии ҶСК «Озарбойҷон ҳаво йӯллари» гуфтушуниди ниҳоӣ дар ҳоли анҷомёбист.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аввали ҳамин моҳ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр ҷиҳати иштирок дар конфронси байнулмилалӣ дар Озарбойҷон қарор дошт ва оид ба ҳалли ин масъала бо мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии ин кишвар мулоқот анҷом додааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2007 дар ҷараёни боздиди президенти Озарбойҷон аз Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи хатисайри ҳавоӣ миёни кишварҳо созишнома ба тасвиб расида буд.



