Коргардони рус дар бораи “Морхӯрҳо”-и помирӣ филм таҳия мекунад

Моҳи апрели соли 2020 нахустнамоиши филми коргардони рус Сергей Ястржембский дар бораи тақдири бузи пармашохи “Морхӯр” дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар студияи “Ястребфилм” ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки то имрӯз наздики 10 гузориш наворбардорӣ шуда, охири сол корҳои таҳияи филм ба итмом мерасад. Гузориш дар бораи наворбардории филми мустанад аввали баҳори соли равон дар шабакаи […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Моҳи апрели соли 2020 нахустнамоиши филми коргардони рус Сергей Ястржембский дар бораи тақдири бузи пармашохи “Морхӯр” дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар студияи “Ястребфилм” ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки то имрӯз наздики 10 гузориш наворбардорӣ шуда, охири сол корҳои таҳияи филм ба итмом мерасад.

Гузориш дар бораи наворбардории филми мустанад аввали баҳори соли равон дар шабакаи телевизиони “Дикий” намоиш дода шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин филми мустанад оид ба шикор, аниқтараш дар бораи таъсираш ба бақои табиати ваҳшӣ ва бошандагони он сухан меравад.

Коргардон дар бораи дигаргун шудани тасаввуроти ҷомеа нақл мекунад, ки чӣ гуна сокинону шикорчиён қаблан Морхӯрҳоро дар кӯҳҳои Помир мепарониданд ва акнун онҳоро ҳифз мекунанд.

“Мо адолатро барқарор карда, ҳамаро дар ҷойи худашон гузоштанием, – мегӯяд Сергей дар мусоҳибаи маҳфили шикорчиёни “Сафари”. – Мо дар бораи он филм таҳия карданием, ки чӣ гуна сиёсати оқилонаи давлатӣ ва шикори дуруст роҳандозишуда ин шуғли қадимаи инсонро тағйир дода, ба соҳаи пурсамар ва аз лиҳози экологӣ осебнопазири иқтисодӣ табдил медиҳад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.