Назарпурсии БМТ: Кӣ ва чӣ миқдор пул ба Тоҷикистон мефиристад

Зиёда аз 85%-и тоҷикистониён тавассути низоми бонкӣ пулҳои худро ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд. Дар ин бора натиҷаҳои назарсанҷии гузаронидаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он беш аз 2,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд. Боз 6,3%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки пулҳоро ба воситаи хешу табор, 4,4% – миёнаравҳо, 2,5% – ёру рафиқон, 1,2% – ташкилотҳои […]

Зиёда аз 85%-и тоҷикистониён тавассути низоми бонкӣ пулҳои худро ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд. Дар ин бора натиҷаҳои назарсанҷии гузаронидаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он беш аз 2,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Боз 6,3%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки пулҳоро ба воситаи хешу табор, 4,4% – миёнаравҳо, 2,5% – ёру рафиқон, 1,2% – ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва 0,5% тариқи дигар воситаҳо мефиристанд.

Дар ҳамин ҳол 61,7%-и пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки сарчашмаи пулҳои ба Тоҷикистон мефиристодаашон музди кор мебошад.

Боқимонда 38,3% сарчашмаҳои интиқоли пулро тариқи зайл баён доштаанд: 21,4% – ёрии хешовандон, 8,4% – даромад аз моликият, 2% – аз фаъолияти соҳибкорӣ, 1,5% – даромад аз сармоягузорӣ, 1,2% – аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва 3,7% – аз ҳисоби дигар манбаъҳо.

Пулҳои ба Тоҷикистон интиқолёфта асосан барои пардохти маблағи таҳсил, муолиҷа ва харидории доруворӣ харҷ мешаванд.

Зиёда аз 11% гуфтаанд, ки ин пулҳоро барои гузаронидани маъракаҳо, 9,3% – барои харидани манзил ва қитъаи замин (қонунгузории ҶТ хариду фурӯши заминро манъ кардааст, – эзоҳи “Азия-Плюс”) истифода мекардаанд.

Ҳамчунин 7,1% посух додаанд, ки ин маблағҳоро барои бунёди манзил, 4,7% – барои харидани воситаҳои нақлиёт, 3,3% – барои сафари ҳаҷ ва саёҳат, 2,1% – барои соҳибкорӣ, 1,3% – рушди ҳунарҳои мардумӣ ва 1,1% – барои харидории тилло ва маснуоти заргарӣ сарф мекардаанд.

Чанде қабл Бонки милии Тоҷикистон маркази протсесингии интиқоли пулро бе ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ муаррифӣ кард, ки ояндаи наздик ба кор дароварда мешавад.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки таъмини анҷоми ҳарчи зудтар, бехатар ва мунтазами амалиёти интиқоли фаромарзии маблағ ба таври ғайрнақдӣ байни иштирокчиёни он аз афзалиятҳои муҳими кори марказ маҳсуб меёбад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми бонкӣ 1 млрд. 159 млн. доллар интиқол додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.