Ғолибони мусобиқаи байнулмилалии дзюдо муайян шуданд

Рӯзҳои 2-5 октябр дар Қасри варзиши Хуҷанд 7-умин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯйи Кумитаи миллии олимпӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ […]

Рӯзҳои 2-5 октябр дар Қасри варзиши Хуҷанд 7-умин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯйи Кумитаи миллии олимпӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯйи 7 вазн миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг сурат пазируфт.

Дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзида, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа варзишгарони Ӯзбекистон дар 4 вазн ва дзюдочиёни Тоҷикистон дар 3 вазн пирӯз шуданд. Дар маҷмӯъ варзишгарони мо соҳиби 17 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ шуданд. Дзюдочиёни Ӯзбекистон 10 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин дастаи Қазоқистон сазовори 1 медали биринҷӣ шуд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ: ҷойи якум – 10000 сомонӣ, мавқеи дуюм – 5000 сомонӣ ва ду ҷойи сеюм бо 2500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа як гурӯҳ кормандони Федератсияи байнулмилалии дзюдо таҳти роҳбарии ноиби президенти он Влад Маринеску ва роҳбари дастгоҳи кор бо ВАО ва маркетинг Виктор Влореску ширкат варзиданд. Меҳмонон дар доираи мусобиқа бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот карда, рушди варзиши дзюдо дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони 7-умин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

-60кг
1. Ҷасур Самадов (Ӯзбекистон)
2. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
3. Собирхоҷа Юсупов (Ӯзбекистон)

-66кг
1. Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
2. Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
3. Орифҷон Додов (Тоҷикистон)

-73кг
1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
2. О. Нӯъмонов (Ӯзбекистон)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
3. Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)

-81кг
1. Асрор Тоҷиев (Ӯзбекистон)
2. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
3. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
3. Арқадай Балай (Қазоқистон)

-90кг
1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон)
2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
3. Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)
3. Достон Мелиев (Ӯзбекистон)

-100кг
1. Соҳиб Қурбонов (Ӯзбекистон)
2. Акмалмурод Худойбердиев (Ӯзбекистон)
3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
3. Фарёд Шейхов (Тоҷикистон)

+100кг
1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
2. Хайдок Тураев (Ӯзбекистон)
3. Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)
3. Одил Сафаров (Тоҷикистон)

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.