Дар ҷумҳурӣ то имрӯз нақшаи кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ ба андозаи 85 дарсад иҷро шуд

Дата:


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ, ки дар арафаи анҷомёбист, то имрӯз ба андозаи 85 дарсад ба иҷро расид. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта хеле бештар аст.




Тибқи маълумоти фаврии вазорат, то имрӯз аз 229,5 ҳазор гектари барои кишти тирамоҳӣ пешбинишуда дар 193,5 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 116 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 184 ҳазору


452 гектар

барои кишти тирамоҳии гандум пешбинӣ шудааст.



Зикр гардид, ки кишоварзони вилояти Суғд дар кишти тирамоҳӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Дар ин минтақа нақшаи кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ ба миқдори 43,7 дарсад ба иҷро расидааст. Дар ноҳияҳои Турсунзода (50 дарсад) ва Ҷиргатол (33 дарсад) низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад.


Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное