Имрӯз ба ҷуз Тоҷикистон, ки 93 дарсад аз кӯҳ иборат аст, дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии кӯҳ таҷлил мегардад

            Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day) таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори иҷлосияи Асссамблеяи генералии СММ соли 2003 таъин гардида буд.             Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day)




таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори иҷлосияи Асссамблеяи генералии СММ соли 2003 таъин гардида буд.





           

Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд. «Дар кӯҳҳо тақрибан 10 дарсади аҳолии сайёра зиндагӣ карда, онҳо макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги дунё маҳсуб мегарданд», – гуфта мешавад дар қатъномаи Ассамблеяи генералӣ.




           

Дар ҳамин ҳол, аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ баргузории ҳеҷ чорабиние пешбинӣ нашудааст. Гузашта аз ин, сарчашмаҳо ҳатто аз мавҷудияти чунин сана ҳатто хабаре надоштаанд.




           

Ёдрас мекунем, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.