Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day)
таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори иҷлосияи Асссамблеяи генералии СММ соли 2003 таъин гардида буд.
Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд. «Дар кӯҳҳо тақрибан 10 дарсади аҳолии сайёра зиндагӣ карда, онҳо макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги дунё маҳсуб мегарданд», – гуфта мешавад дар қатъномаи Ассамблеяи генералӣ.
Дар ҳамин ҳол, аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ баргузории ҳеҷ чорабиние пешбинӣ нашудааст. Гузашта аз ин, сарчашмаҳо ҳатто аз мавҷудияти чунин сана ҳатто хабаре надоштаанд.
Ёдрас мекунем, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.



