Русия Тоҷикистону Қирғизистонро дар рушди бахши гидроэнергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ шарикони асосӣ мешуморад

            Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Оҷонсии иттилоотии «24. kg » бо истинод ба гуфтаҳои муовини директори департаменти ҳамкории байнуулмилалии Вазорати энергетикаи Русия Михаил Плешкин хабар медиҳад, ки Русия Тоҷикистону Қирғизистонро дар рушди бахши гидроэнергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ шарикони асосӣ арзёбӣ менамояд.             Ба иттилои оҷонсӣ, М.Плешкин дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Оҷонсии иттилоотии «24.


kg


» бо истинод ба гуфтаҳои муовини директори департаменти ҳамкории байнуулмилалии Вазорати энергетикаи Русия Михаил Плешкин хабар медиҳад, ки Русия Тоҷикистону Қирғизистонро дар рушди бахши гидроэнергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ шарикони асосӣ арзёбӣ менамояд.





           

Ба иттилои оҷонсӣ, М.Плешкин дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии кишврҳои Осиёи Марказӣ бо Русия: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамо», ки дирӯз дар Бишкек ба кор шурӯъ намуд, ба ин нукта ишора кардааст.

 





           

Ба қавли ӯ, чунин самти сиёсати Русия бо он шарҳ дода мешавад, ки ин ду кишвар дорои захираҳои асосии гидроэнергетикии минтақа мебошанд. Дар ҳамин ҳол, М.Плешкин таъкид сохтааст, ки дар ин самт ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон афзалияти бештар дода мешавад, зеро аз рӯи иқтидори захираҳои обиву энергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми 8-умро ишғол менамояд ва рушди ин соҳа аз ҷиҳати манфиати иқтисодӣ мувофиқи мақсад аст. «Вале дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6,5 дарсади иқтидори гидроэнергетики ҷумҳурӣ истифода мешавад», – гуфтааст ӯ.




           

Русия рушди бахши гидроэнергетикаро дар Қирғизистон низ ҷиҳати рушди иқтисодии ин кишвар муҳим мешуморад ва дар Қирғизистон низ аз иқтидорҳои бузурги мавҷуда ба таври бояду шояд истифода намешавад.




           



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.