Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ кард

           Душанбе.11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ карда шуд.             Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарипов дар маърӯзаи худ изҳор дошт, ки саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ назаррас нест. Номбурда чунин изҳори ақида […]

Далер Ғуфронов


           Душанбе.11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ карда шуд.





           

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарипов дар маърӯзаи худ изҳор дошт, ки саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ назаррас нест. Номбурда чунин изҳори ақида намуд, ки солҳои ахир давлат ба пайдошавии ҳизбҳои сиёсии нав манфиатдор буд, то фазои холии аз ҷониби ба ном ҳизбҳои созанда ташкилшуда пур гардад.




           

С.Шарипов мӯътақид аст, ки айни замон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки худро аҳзоби мухолифи созанда мешуморанд, пурмаҳсул нест. «Онҳо доир ба ҳалли ин ё он масъала пешниҳоди мушаххас надоранд», – гуфт ӯ.




           

Директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ афзуд, ки ҳарчанд имрӯз ҳам давлат ба мавҷудияти оппозитсияи воқеан созанда эҳтиёҷ дошта бошад ҳам, ҷомеа дигар ба чунин нерӯҳои заъифи сиёсӣ ниёз надорад.




           

Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов аз парокандагии аҳзоби сиёсӣ изҳори нигаронӣ кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.