Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ кард

spot_imgspot_img

Дата:


           Душанбе.11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ карда шуд.





           

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарипов дар маърӯзаи худ изҳор дошт, ки саҳми аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ назаррас нест. Номбурда чунин изҳори ақида намуд, ки солҳои ахир давлат ба пайдошавии ҳизбҳои сиёсии нав манфиатдор буд, то фазои холии аз ҷониби ба ном ҳизбҳои созанда ташкилшуда пур гардад.




           

С.Шарипов мӯътақид аст, ки айни замон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки худро аҳзоби мухолифи созанда мешуморанд, пурмаҳсул нест. «Онҳо доир ба ҳалли ин ё он масъала пешниҳоди мушаххас надоранд», – гуфт ӯ.




           

Директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ афзуд, ки ҳарчанд имрӯз ҳам давлат ба мавҷудияти оппозитсияи воқеан созанда эҳтиёҷ дошта бошад ҳам, ҷомеа дигар ба чунин нерӯҳои заъифи сиёсӣ ниёз надорад.




           

Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов аз парокандагии аҳзоби сиёсӣ изҳори нигаронӣ кард.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...