Таъсири манфии қарори ҳукумати Русия ба Тоҷикистон

Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки қарори ҳукумати Русия оид ба кам кардани шумораи квотаҳо барои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба муташанниҷ гаштани равандҳои сиёсии дохилӣ дар ҷумҳурӣ боис шуда метавонад. Номбурда ақидаи худро бо он асоснок мекунад, ки маоши ҳудуди 1 млн. тоҷикистониён, ки […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки қарори ҳукумати Русия оид ба кам кардани шумораи квотаҳо барои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба муташанниҷ гаштани равандҳои сиёсии дохилӣ дар ҷумҳурӣ боис шуда метавонад. Номбурда ақидаи худро бо он асоснок мекунад, ки маоши ҳудуди 1 млн. тоҷикистониён, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, барои оилаҳои онҳо ягона сарчашмаи даромад аст.




Дар идомаи сӯҳбат коршинос изҳор дошт, ки дар пасманзари ин вазъ то ҳол аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ чорабиниҳои муассир оид ба фароҳам овардани шароит барои таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор дар дохили кишвар андешида нашудаанд. «Ин метавонад ба муташанниҷии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии мардум оварда расонад», – гуфт ӯ. Коршинос мӯътақид аст, ки дар маҷмӯъ, ҳамаи ин ҳолатҳо ба бад шудани неқӯаҳволии халқ боис хоҳад шуд – мардуми бекормонда ба қочоқи маводи мухаддир ё фаъолияти дигари марбут ба ҷинояткорӣ рӯ меоваранд.



Роҳи ҳалли масъаларо Ш.Ҳакимов дар он мебинад, ки ҳукумат бояд иқдомоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ намояд, то онҳо тавонанд фаъолияти худро густариш дода, дар таъмини муҳоҷирон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар саҳм бигиранд. «Ғайр аз ин, ҳукуматро зарур аст, баҳри роҳандозии фаъолияти бахши воқеии иқтисод кӯшиш ба харҷ диҳад, – мегӯяд ӯ. – Дар ин масъала метавон бо Украинаву Қазоқистон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил кард, то муҳоҷирони мо имкон пайдо намоянд, ки ба таври қонунӣ дар ин кишварҳо кору зиндагӣ кунанд».



Ёдрас мекунем, ки нахуствазири Русия Владимир Путин дар таърихи 9-уми декабрқарореро ба имзо расонид, ки тибқи он коҳиши шумораи квотаҳо барои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Русия тасмими худро «ба вазъ дар бозори меҳнат» асоснок мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.