Фурсати муносиби эътирози шадид нисбат ба куштори бераҳмонаи ҳамватанон дар Русия қаблан аз даст рафта буд, – назари сиёсатшиноси тоҷик

             Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» = Раиси ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ҳалокати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар иншооти сохтмонӣ ва ё қатли онҳо ба дасти миллатгароёни рус мояи нигаронии амиқи мардуми мо шудааст. «Вале, мутаассифона, мардуми тоҷик фурсати нишон додани манзалату ҳамбастагии худро нисбат ба чунин ҳодисаҳои фоҷиавӣ аз даст додаанд», […]

Далер Ғуфронов


             Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» = Раиси ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ҳалокати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар иншооти сохтмонӣ ва ё қатли онҳо ба дасти миллатгароёни рус мояи нигаронии амиқи мардуми мо шудааст. «Вале, мутаассифона, мардуми тоҷик фурсати нишон додани манзалату ҳамбастагии худро нисбат ба чунин ҳодисаҳои фоҷиавӣ аз даст додаанд», – изҳор дошт ӯ.





 

Мамадазимов дар сӯҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ҳангоме ки моҳи феврали соли 2004 аз Санкт-Петербург ҷасади духтараки ноболиғ Хуршеда Султонова ба Душанбе интиқол гардид, онро мебоист ҷамъияти зиёди мардуми мо, бо сарварии вазири корҳои дохилӣ ё умури хориҷа ва ё беҳтараш нахуствазири мамлакат пешвоз мегирифт. Ва низ ба фурудгоҳ мебоист сафири Русия дар Тоҷикистон даъват мешуд.



Коршинос мӯътақид аст, ки агар он вақт дар фурудгоҳи Душанбе аз 5-10 ҳазор одам зиёд ҷамъ мешуд ва агар он ҷо муҷассамае ба хотираи қурбониёни бегуноҳи муҷоҷират мегузоштанду воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон куштори духтараки бегуноҳро ба таври васеъ инъикос мекарданд, имрӯз шояд вазъият дигар мебуд ва тобутҳо низ камтар ба кишвар ворид мешуданд. «Дигар ҳар нафаре пеш аз азобу шиканҷа ё қатли тоҷики бегуноҳ лаҳзае хашму эътирози як миллати бутунро пеши назар меовард», – гуфт сиёсатшинос.



Дар робита ба нотаи эътирозие, ки дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бастагӣ ба куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик дар Русия ироа кард, Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ки кор танҳо бо ироаи як нотаи расмӣ ба анҷом нахоҳад расид.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.