Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009
гуфтушунид оғоз гардид.
Тавре аз КВД «Тоҷикгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо ин мақсад ҳафтаи гузашта ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии директори генералии корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар Тошканд қарор доштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли равон Тоҷикистон ният дорад, аз кишвари ҳамсоя 550 млн. метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намояд. Зикр гардид, ки то ҳанӯз ҳамтоҳои ӯзбекистонӣ нархи газро барои соли оянда муайян накардаанд.
«Дар ҷараёни гуфтушунид мо ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохтем, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт, – гуфт манбаъ. – Аз ин рӯ,
аз Ӯзбекистон дархост карда шудааст, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд».



