Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири сол коҳиши нархи бензин дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Тавре
аз
Вазорати
рушди
иқтисод
ва
савдои
ҷумҳурӣ
ба
ОИ
«
Азия
–
Плюс
»
хабар
доданд
,
арзиши
маводи
сӯзишворӣ
дар
кишварҳои
воридкунанда
ба
андозаи
50
ва
дар
Тоҷикистон
20
дарсад
коҳиш
ёфтааст
.
Ба
иттилои
манбаъ
,
мутахассисони
вазорат
дар
ҳамдастӣ
бо
агентии
стандартизатсия
ҷиҳати
танзими
бозори
фурӯши
маводи
сӯзишвории
кишвар
тадбирҳо
андешида
,
бо
таъминкунандагони
ин
мавод
гуфтушунид
кардаанд
.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ҳудуди 80 дарсади таъмини кишвар бо маводи сӯзишворӣ ба ҶДДМ «Газпромнефт – Тоҷикистон», «ТоҷИрон» ва «Умед» рост меояд. «Маҳсулоти нафт асосан аз Русия (наздики 70 дарсад), Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид карда мешавад», – афзуд манбаъ.



