Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гашт.
Дар ҷаласа дар радифи дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории пойтахт масъулин дар назди Раиси шаҳр бобати истифодаву идораи моликияти коммуналӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва вазъи хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти коммуналӣ, пеш
аз ҳама перомуни ҳолати риояи системаи
чиптавии мусофиркашонӣ гузоришҳо доданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин хусус афзуд, ки ҳарчанд низоми тозавориди чиптавӣ бинобар сабаби камвоқифии мусофирон ва ба таври дилхоҳ ташкил накардани назорати зарурӣ феълан пурсамар истифода намегардад.
Лек ин тадбири андешида бебозгашт буда, директорони корхонаҳои коммуналии мусофиркашониро якҷоя бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт лозим аст, ки назорати татбиқи ҳамарӯзаи системаи мавҷударо баҳри ташкили ҳисоби гардиши мусофиркашонӣ ва ғановати молиявии субъектҳои хизматрасон ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Бо хулоса аз натиҷаи фаъолияти соҳа ва камбудиҳои ҷойдошта, дар ҷаласа мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Насриддин Ваҳҳобов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
Ба директори КВД «Обу корези Душанбе» Аъзам Табаров дастур дода шуд, ки вазъи хизматрасонӣ ба муштариён ва баррасии саривақтии муроҷиати онҳоро, ки дар ҳафтаи сипарӣ 84 адад шикоят ворид гардидааст,
дар корхонаи зертобеяш пурзӯр намуда, то 26-уми декабр бо иҷрои супоришҳои қаблии шаҳрдорӣ ҷиҳати бо сарпӯшҳо таъмин кардани чоҳбунҳои корезӣ ва ташкили хизматрасонии шартномавиро ба субот расонида, ҳисобот унвонии шаҳрдорӣ ирсол намояд.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини соҳаҳои шаҳрдорӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳриро ба ҳолати иҷроиши қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр оид ба истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин, риояи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе нигаронид.
Таъкид сохт, ки то 15-уми январи соли 2008 ҳолати аз рӯи таъинот истифодашавии қитъаҳои замини бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҷудодгардида аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди санҷиш қарор дода шавад. Барои нафарони вайронкардаи муқаррароти истифодаи таъинотии қитъаҳои замин то 1-уми апрели соли 2009 мӯҳлат муайян карда шавад, ки ихтиёран оқибатҳои амали ғайриқонуниашонро дар ин самт бартараф
намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.





