Корхонаи дорусозии «Arvin Arman»-и Эрон бо шарикони тоҷикистонии худ ҳамкорӣ карданист

            Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо ҳайати Эрон таҳти сарварии Ризо Саидӣ, сарвари иҷроияи ширкати дорусозии «Arvin Arman» дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи дорусозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Эрон […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо ҳайати Эрон таҳти сарварии Ризо Саидӣ, сарвари иҷроияи ширкати дорусозии «Arvin Arman» дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи дорусозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Эрон ба Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои муштарак бо ширкатҳои дорусозии Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ ташриф овардааст.




           

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Р.Саидӣ изҳор доштааст, ки ширкати онҳо аз кишварҳои Аврупо маҳсулоти доруворӣ ворид месозад ва онҳо ният доранд дар Тоҷикистон низ фаъолияти худро ба роҳ монанд. «Қаблан дар ин хусус бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд», – гуфтааст ӯ.




           

Дар навбати худ, Ш.Саид талаботи мавҷуда ҷиҳати таъмини кишвар бо маҳсулоти дорувории аврупоӣ ва технологияи истеҳсоли онро аз Аврупо таъкид сохта, баён доштааст, ки пешниҳоди ширкати эронӣ бояд мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони ин соҳа қарор гирад. Ш.Саид аз ҳайати эронӣ даъват ба амал овардааст, ки барои муаррифии маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳо бо шарикони тоҷикистонӣ дар намоишгоҳҳои ҳамасолаи «Тандурустӣ» дар Тоҷикистон иштирок намоянд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.