IFC барои фермерони ноҳияи Файзобод дар мавзӯи ҳосилнокӣ ва даромаднокии истеҳсоли шир семинар гузаронид

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви ташкилотҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ, санаи 12 декабр барои 20 нафар фермерон аз ноҳияи Файзобод семинаре оид ба ҳосилнокӣ ва даромаднокии истеҳсоли шир гузаронид. Чорабинии мазкур як қисми силсилаи семинар ва омӯзишҳое буд, ки Лоиҳаи IFC оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони […]

root


Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –


IFC


(Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви ташкилотҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ, санаи 12 декабр барои 20 нафар фермерон аз ноҳияи Файзобод семинаре оид ба ҳосилнокӣ ва даромаднокии истеҳсоли шир гузаронид. Чорабинии мазкур як қисми силсилаи семинар ва омӯзишҳое буд, ки Лоиҳаи


IFC




оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони ҷанубӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ҳисор ва Ёвон гузаронид. Дар семинарҳо умуман 987 нафар

 

иштирок карданд, ки 962 нафари онҳоро занон ташкил доданд.




Мақсад аз гузаронидани семинари мазкур баланд бардоштани донишу малакаи хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда оид ба тартиб додани нақшаи оддии хӯронидани чорво, аз ҷумла тайёр намудани ратсиони хӯрока ва истеҳсоли хӯроки дорои сифати баланд буд.

 

Дар охири семинар мутахассисони


IFC




бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони шир

 

хонаводаҳоеро муайян намуданд, ки барои фурӯш ба коркардкунандагони маҳаллӣ шири кофӣ истеҳсол мекунанд.

 




“Мо ба семинар намояндагони хонаводаҳо, бештар занҳоро даъват кардем, то ба онҳо барои оғоз кардани фаъолияти соҳибкориашон кӯмак расонем. Ман умедворам, ки донишу малакае, ки иштирокчиён аз семинар меомӯзанд, ба онҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии шир кӯмак мерасонад, ки ин дар навбати худ ба даромаднокии бештари фаъолияти хонаводаи онҳо оварда мерасонад”, – гуфт агрономи


IFC




Муҳиддинҷон Нурматов.



Бино ба гуфтаҳои иштирокчии семинар Анзарат Сафиева то ин дам онҳо дар асоси дониши худ чорвояшонро мехӯрониданд. «Акнун мо чӣ гуна дуруст хӯронидани чорворо барои бисёртар истеҳсол кардани шир омӯхтем. Чизи аз ҳама муҳим барои мо ин аст, ки


IFC




системаи таъминоти ширро ба коркардкунандагони маҳаллӣ, ки таи солҳои охир фаъол набуд, аз нав барқарор карда истодааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки даромади худро аз истеҳсоли шир зиёд намоем ва як қадами дигар ба пеш ба сӯи пешравӣ ниҳем» – илова кард ӯ.

 






Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии Шветсия оид ба ҳамкорӣ барои рушди байналхалқӣ (


Sida


) маблағгузорӣ шудааст. Дар ин бора мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи


IFC




Муҳиддин Тоҷиев хабар дод.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.