Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати адлияи Русия ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифт.
Тавре роҳбари ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ӯ шаҳодатнома дар бораи қайди давлатӣ супорида шудааст.
Номбурда инчунин изҳор дошт, ки барои дастгирӣ ба ҳукуматдорони Русия изҳори миннатдорӣ мекунад. «Ҳамаи иштирокчиёни Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» аз риояи ҳуқуқи ҳамватанон дар қаламрави Русия пуштибонӣ намуда, фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Русия ва Оинномаи дар Анҷумани якуми халқҳои Тоҷикистон дар Русия қабулшуда амалӣ хоҳанд кард», – афзуд К.Шарипов.



