Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Низоъҳои мазҳабӣ: тарзи шинохт, роҳҳои ҳал ва усули таълими онҳо» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин изҳори назар кард, ки зуҳури салафияҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад.
Ба гуфтаи Ҳ.А.Тӯраҷонзода, дар солҳои аввали зуҳури худ толибон ҳам нисбат ба ҳокимияти расмӣ муносибати дурусту муросокорона доштанд ва ҳатто алайҳи дуздону фиребгарон мубориза ҳам мебурданд, вале баъдтар маълум шуд, ки дар асл онҳо чӣ мақсаде доштаанд. «Сарфи назар аз он ки равияи «Салафия» дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ҷомеа таҳдиди воқеӣ надошта бошад ҳам, вале агар фурсат аз даст равад, онҳо метавонанд ба амнияти миллӣ ва давлатӣ хатари ҷиддӣ эҷод созанд», – таъкид кард ӯ.
Ғайр аз ин, Ҳ.А.Тӯраҷонзода салафиҳои тоҷикро ба ваҳҳобиҳои аввали солҳои 90-уми қарни гузашта монанд кард. Ба ақидаи ӯ, онҳо як умумияте доранд, аз ҷумла тобеъ набудани онҳо ба пешвоёни анъанавии динии мусулмонони тоҷик. Дар идома ӯ гуфт, аммо фарқ дар он аст, ки ваҳҳобиҳо чун салафиҳо дар хориҷи кишвар тайёр карда нашуда буданд ва ба онҳо адабиёти динии хориҷӣ асар карда буд. «Салафиҳо бошанд, нерӯи хориҷианд, ки берун аз кишвар маблағгузорӣ шуда, дар Тоҷикистон мақсаднок амал мекунанд», – таъкид сохт ӯ ва афзуд, ки ин қисмате аз ҷавонони тоҷик мебошанд, ки марказҳои илмии салафиро дар як қатор кишварҳои араб ва Покистон хатм кардаанд.
Ба қавли ӯ, айни замон шумори ҷонибдорони равияи «Салафия» дар Тоҷикистон аз 2-3 ҳазор беш нест ва ин ҳам дар ҳолест, ки 80 дарсади онҳо дониши кофии исломӣ надоранд. «Аксаран инҳо ҷавонони фиребхӯрдае мебошанд, ки ба иллати огаҳии нокомил аз мазҳаби анъанавии Ҳанафия, ба дигар равия пайвастаанд», – гуфт Ҳ.А.Тӯраҷонзода.


