Ҳ.А.Тӯраҷонзода: Зуҳури салафиҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Низоъҳои мазҳабӣ: тарзи шинохт, роҳҳои ҳал ва усули таълими онҳо» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин изҳори назар кард, ки зуҳури салафияҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад. Ба гуфтаи Ҳ.А.Тӯраҷонзода, дар солҳои аввали зуҳури худ […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Низоъҳои мазҳабӣ: тарзи шинохт, роҳҳои ҳал ва усули таълими онҳо» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин изҳори назар кард, ки зуҳури салафияҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад.




Ба гуфтаи Ҳ.А.Тӯраҷонзода, дар солҳои аввали зуҳури худ толибон ҳам нисбат ба ҳокимияти расмӣ муносибати дурусту муросокорона доштанд ва ҳатто алайҳи дуздону фиребгарон мубориза ҳам мебурданд, вале баъдтар маълум шуд, ки дар асл онҳо чӣ мақсаде доштаанд. «Сарфи назар аз он ки равияи «Салафия» дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ҷомеа таҳдиди воқеӣ надошта бошад ҳам, вале агар фурсат аз даст равад, онҳо метавонанд ба амнияти миллӣ ва давлатӣ хатари ҷиддӣ эҷод созанд», – таъкид кард ӯ.



Ғайр аз ин, Ҳ.А.Тӯраҷонзода салафиҳои тоҷикро ба ваҳҳобиҳои аввали солҳои 90-уми қарни гузашта монанд кард. Ба ақидаи ӯ, онҳо як умумияте доранд, аз ҷумла тобеъ набудани онҳо ба пешвоёни анъанавии динии мусулмонони тоҷик. Дар идома ӯ гуфт, аммо фарқ дар он аст, ки ваҳҳобиҳо чун салафиҳо дар хориҷи кишвар тайёр карда нашуда буданд ва ба онҳо адабиёти динии хориҷӣ асар карда буд. «Салафиҳо бошанд, нерӯи хориҷианд, ки берун аз кишвар маблағгузорӣ шуда, дар Тоҷикистон мақсаднок амал мекунанд», – таъкид сохт ӯ ва афзуд, ки ин қисмате аз ҷавонони тоҷик мебошанд, ки марказҳои илмии салафиро дар як қатор кишварҳои араб ва Покистон хатм кардаанд.



Ба қавли ӯ, айни замон шумори ҷонибдорони равияи «Салафия» дар Тоҷикистон аз 2-3 ҳазор беш нест ва ин ҳам дар ҳолест, ки 80 дарсади онҳо дониши кофии исломӣ надоранд. «Аксаран инҳо ҷавонони фиребхӯрдае мебошанд, ки ба иллати огаҳии нокомил аз мазҳаби анъанавии Ҳанафия, ба дигар равия пайвастаанд», – гуфт Ҳ.А.Тӯраҷонзода.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.