Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи ҷаласаи шашуми комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Белорус миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва шӯъбаи Палатаи савдо ва саноати Мински Белорус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти раисони палатаҳои номбурда Шариф Саид ва Александр Федорчук масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат ва соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, зикр гардид, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар таҷҳизоти техникии гуногун, тракторҳо, воситаҳои дигари нақлиёт, мебел, шакар ва ғайра ворид мегардад. Белорус ба воридоти алюминий, пахта, меваҷоту сабзавот аз Тоҷикистон мароқ зоҳир мекунад.


