Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷараёни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, даъвати сеюм, аъзоёни палатаи болоии парлумон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.   Зимни суханронӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ – Маҳкам Маҳмудов қайд намуд, ки дар асоси тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноии кишвар воридшуда, минбаъд […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷараёни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, даъвати сеюм, аъзоёни палатаи болоии парлумон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.





 

Зимни суханронӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ – Маҳкам Маҳмудов қайд намуд, ки дар асоси тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноии кишвар воридшуда, минбаъд шахсоне, ки ба ҷумҳурӣ маводи доруии пастсифат, қалбакӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ворид месозанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Шахсони воқеъиву ҳуқуқие, ки ба ин амал даст мезанад, ҷаримаи пулӣ дар ҳачми аз 17-у ним то 35 ҳазор сомонӣ ситонида шуда, ё ба мӯҳлати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.



Ғайр аз ин, минбаъд, шахсони соҳибмансабе, ки ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ, шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳанд, то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.




 

Дар асоси тағйироту иловаҳои нави ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷазои сахттаре пешбинӣ шудааст. Акнун барои содир намудани ин амал, марзшиканон, аз 17 ҳазору 500 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд, ё аз 2 то 5 сол равонаи зиндон мешаванд.

   



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.